Автор: Бахроми Одина Источник материала: Андеша Дата публикации: 27.07.2008 >> Ссылка на источник Асли ман аз вилояти собики Кулоб аст. Ман барои президент Эмомалй Рахмон ба гуфти завчаам “тёр будам, ки худма бикушам”, аммо акнун уро чашми дидан надорам ва акнун вакте вай дар телевизор пайдо мешавад, кудаконам бе ягон гап зуд мераванду онро хомуш мекунанд, зеро муносибати маро медонанд. Бисёр касон аз чунин бакуллй дигаргун шудани ман изхори хайрат мекунанд, лекин ман медонам, ки ин тагйир бехуда ва беасос нест ва шояд на танхо ба ман, балки ба садхо, хазорон нафари дигар низ хос аст. То ба сари кудрат омадани хукумати, ба истилох “конститутсионй” ман хамакораи бекоре будам ва дар соли 1993 тавонистам, мансаби хуберо дар Вазорати кишоварзй ба даст орам. Ин мансаб каме пули дастичапй дошт, вале барои ман мухим ин буд, ки дар пешрафти мамлакати худам сахм бигирам. Барои ин сари китобу дафтар нишастам ва то тавонистам, аз ину он вазъи кишоварзии Точикистону роххои пешрафти онро омухтам ва Худо шохид, дилу нийятам пок буд ва танхо ин буд, ки дасту остин барзада барои халки худам аз тахти дил кор кунам. Дар ин самт суханхои президенти кишвар Эмомалй Рахмон бароям илхомбахш ва намуна буданд. Дар давоми солхо, вакте ки чукуртар ба корубор шинос шудам, дидам, ки хама ба дуздию гургй машгуланд ва натичаи баднафсии онхо ин шудааст, ки сохаи кишоварзй дар мамлакат тамоман касод шуд. Зохиран замин ба дехконон дода шуд, дар амал спонсорхо хам дехкон, хам хукуматро фиреб дода, пахтаи онхоро бепул мегиранд, ба нархи баланд дар хорича мефурушанд ва ба чои ин ки ба дехкони бечора ним тангае бидиханд, баракс онро аз худ боз садхо хазор доллар карздор мекунанд. Ин кор дар холе мешавад, ки одамони пулдор, раисону бригадирхои фасодзада ва аслан хатто ашхоси тасодуфй моликияти тайи дахсолахо чамъомадаи колхозу совхозхоро бо роххои харом моли худ карда, миллионхо нафарро, ки дар бунёд кардани ин моликият сахм доштанд, аз хама гуна хукук махрум карда буданд. Ба болои ин мансабхои идорй фурухта мешуданд ва агар касе 200 000 доллар дода, раиси нохия шудааст, мебоист, дар ду ё се сол 600 000 доллар чамъ оварда, ба мансаби дигар мегузашт. Ин маблагро раиси нохия аз кучо чамъ карда метавонист вакте ки дар дехоти Точикистон корхонахои калон нест ва ончи буд, горат шудаву аз кор афтода. Маълум, ки аз араки чабини дехкони бечора. Кишоварзон хатто барои он ки дар замини худ кор кунанд, бояд пора диханд. Ин фишори азими фасод низ кишоварзии мамлакатро аз дарун вайрону валангор кард. Вале ман рухафтода намешудам ва шабу руз кор мекардам. Обруи Кулоби азизам, президенти азизам ва мамлакати азизам дар миён буду намегузошт, барои ин чизхо гам нахурам ва парво накунам. Ман фикр мекардам, президент аз ин ходисахо хабар надорад ва афроди баднафси мансабдор ба чунин худсарихо рох медиханд. Чанд соли дигар гузашту фахмидам, ки пули араки чабини дехкони бечора то болотарин кабинетхои хукумат мерасидааст ва на мансабдорони алохида, балки системае гунахкор аст, ки чунин холатро ба вучуд овардааст ва ба гушам мерасид, ки президент хам дар ин сохтани ин система даст дорад. Зимистони солхои 2007-2008 ихлоси на танхо дигарон аз Рахмон гашт, балки ихлоси мане низ, ки хамаи умр аз тарафдорони сарсахташ будам. Дакикан ходиса чунин ба амал омад. Дар мохи феврал чамъомаде бахшида ба иди коркунони сохаи аграрй барпо шуд. Маро низ катори дигарон ба чашн дар Кохи Борбад даъват карданд. Омадам, ки толор бисёр сард аст, харчанд плитахои баркй мондаанд, нуги ангуштони дасту пойи одам ях мекард. Вале намемонданд, ки бо палто дарой, бояд аз руи коида, форма иборат аз шиму кастюму галстук дошта бошй. Маро дар катори 23 нишонданд ва барномаи чашн ингуна буд, ки дар ним соати аввал мебоист президент суханронй мекард, баъдаш 4-5 нафар аз номи кишоварзон ба муддари то 15 дакикагй, пасон чамъбасти чаласа ва кабули мурочиатномаи кишоварзон бо зикри мушкилоти онхо то 20 дакикаи дигар ва дар охир ду соат консерти идона — чамъулчамъ чаласаи идона бояд 5 соат давом мекард. Президент 34 дакика дер омад. Дар танаффус шунидам, ки гуё дар вакташ омада буд, аммо дар долон, дар намоишгохи дастовардхои хочагии кишлоки Точикистон каме бештар таваккуф кард ва сипас дар кадом кабинет чанд пиёла арак нушид, ба хамин сабаб дер омадааст. Вай оруг дода, ба минбар баромад ва на аз руи когаз, балки озод сухан кардан гирифт. Сухани кучагй ва берабту назм. Дар ёдам мондааст, ки собик раиси порлумон Сафаралй Рачабовро ном гирифт ва ба худаш, ки дар толор нишаста буд, ишора кард гуфт, ки шумо ширу гушт мегуед, мана, масалан, Рачабов ба Душанбе ба кор омад ва говашро хам овард. Холо хамаи махсулот аз худаш мебарояд. Як руз шухй кардем, ки як курутов намешава, моро даъват кард. Хай ругана мерехту мерехт, мо пурсидем, аз руган бой хастй, гуфт, гови худаш, шир аз худаш, руган хам… Худо бигираша, чанд бор курутов карду баъд бас кард. Сабаб доштай, шунидем, ки говаш мурдай. Ба хамин шакл рахбари давлат бо чанд хазор корманди сохаи кишоварзй, ки Кохи Борбадро пур карда буданд, гап мефурухт. Ин аввалин сонияе буд, ки ман дар у шак овардам. Наход сардори давлат дар бораи мушкилоти соха хамин хел сухан кунад? Хар кадар ки бештар гап мезад, суханаш хамин кадар бемаззатар ва беадабонатар мешуд. Ба хамин шакл ба чои ним соат 2 соати расо гап зад ва дар охир гуфт, ки ба фикраш басай. Сипас рафту дар президиум нишаст. Раиси чаласа Окил Гайбуллоев хайрон монд, чй кор кунад, зеро регламент кайхо хоку туроб шуда буд. Вай хамчун ягона илоч аз суханронии кишоварзон даст кашид ва эълон кард, ки “мо ин чо як мурочиатнома тайёр кардаем ва мехохем онро хонда, ба овоз монем.” Рахмон ба тарафи у тег кашида, гуфт, “мурочиатнома ба кй? Ба ман ки бошад, ман худам дар хамин чоям, ягон хел мурочиатнома даркор нест, бас кунед, хамин корхои кухнаро. Мурочиатнома ба кй даркор?..” Ин суханон Гайбуллоевро музтар карданд ва вай мачбур шуд 15 дакика танаффус эълон кунад. Мардум ба берун шитофтанд ва азбаски аз хунукии толору суханхои берабт хаставу дилмонда шуда буданд, ба хар тараф пароканда шуда, аз назди Кохи Борбад дур шудан гирифтанд. Чанде аз масъулон худро ба хар тараф зада, кушиш мекарданд, одамонро баргардонанд ва хатто одамони кучаро аз дасту китфашон гирифта, ба тарафи кох мебурданд, ки нараванд. Ману як хамкорам хам фикри рафтанро доштем, ки як шиносамонро дидем, ба намоишгохи чаласа хар хел чизхо оварда буд, моро даъват карда, як обу ноне дод, шикамхоро сер кардем ва фикр кардем, консертро хам тамошо кунем, махсусан ки ба мо гуфтанд, президент хам консертро тамошо мекунад. Вакте ки ба толор баргаштем, хамагй 40-50 нафар монда буд ва аз мо хостанд, дар каторхои пеш биншинем. Дар натича ман се курсй баъди президент Рахмон нишастам ва шохиди бисёр чизхои дигар шудам, ки дили маро аз у бакуллй сард кард. Мунира ном баранда ба сахна баромад ва хануз салому табрикашро нагуфта буд, ки президент тарафаш дод зад, “бху ку кихоянд дар кансерт!” Баранда хабари зиёде надошт, аммо когазхояшро тахуру кардан гирифт, то номи хунармандони консертро бигуяд, Рахмон бетокатй карда, “Парда хастай” гуфт. Мунира аз сахна чавоб дод, ки “Ха, Парда Косимович хастанд.” “Бгуш, ки соз бхона, набоша, кавраша меканум,” - гуфт президент. Дар чои дигари консерт, вакте хонанда Бобочон Азизов ва бародараш мехонданд, президент хеле бетокатй кард ва маълум буд, ки аз сару либоси Азизов хушаш наомада буд. Вай аз чои нишасташ Азизовро ба назди худ даъват кард. Овозхон хайрон шуд, зеро дар холи таронахонй буд. Бо нуги ангушташ ба сари синаи худ ишора кард, ки “маро мегуед ё каси дигарро?” Рахмон бо овози баланд гуфт, туро мегуям, дигар киро? Вакте Азизов назди катори аввал омад, маьлум шуд, ки садои вай аз фонограмма мерафтааст, зеро суруд давом дошт. “Ин чй ахвол аст?” суол кард президент ва сипас Убайдуллоевро ба наздаш даъват кард ва дастур дод, ки се чуфтй шиму кастум ба ин хонанда диханд ва ташкил кунанд, ки пул кор кунаду зиндагияшро нагз кунад. Убайдуллоев гуфт, хамаашро мекунад ва аз президент хохиш кард, чаноби олй осуда бошанд. Вай хар сари чанд вакт назди президент меомад ва кушиш мекард, уро ором намояд. Дар чанд чойи консерт, президент онхоеро, ки дар наздикаш нишаста буданд, аз китф мегирифт ва дод мезад: “Бхе, як ракс бикун!” Хама худро ба канор мекашид ва рад мекард ва хатто Козидавлат Коимдодов, ки ду курсй аз президент дуртар шишта буд, бо норозигй ба ин даьват чавоб дод. Нихоят Парда Косим баромад ва баробари руи сахна омадани вай президент фигон кашид: “Мапарон абру!” Аммо Парда ин бор суруди дигареро хонд, ки тамоман ба табъи раисичумхур нафорид. Вай батакрор такозо кард, ки “абру” хонда шавад. Маълум шуд, Парда хам бо фонограмма мехондааст, зеро вакте мачбур шуд барои президент “Абру”-ро бихонад, хама диданд, ки асбобхои мусикй чур набуданд ва доира хам аз хунукй садои хуб надошт. Хамин ки “Абру” сар шуд, президент хест ва дастонашро ду тараф монанди болхои укоб пахн карда, ба раксидан даромад. Ман медидам, ки аслан хушёр нест. Шиносам, ки дар танаффус моро бо гушти мург ва нон зиёфат дода буд, гуфт, баъди араки бисёр уро дар пеши минбар дар холе нигох доштанд, ки дар зери минбар плитаи баркй гузошта буданд ва вай метафсид. Арак ва гармй кори уро карда буданд. Хулоса, ин чо буд, ки дигар токати ман ток шуд ва бархоста, толорро тарк кардам. То хонаамо, дар гушаи дигари шахр пиёда омадам ва харчанд аз кадам задан гарм мешудам, дарунам ях баста буд ва аз чашмонам ашки шашкатор мешорид. Ман фикр мекардам, ки чаро такдири як мамлакат ва ин кадар мардум дар дасти касест, ки чунин ахволеро дорад. Ба хона омадам ва ба завчаам гуфтам, бояд кудаконро бигирему ба ягон мулки дигар равем. Пурсид, боз чй шудааст? Гуфтам, ин мамлакат бо ин сарвараш ояндае надорад. Хайрон шуд, ки ту барои ин президент худкушй мекардй, чй шуд, ба ин фикр омадй. Ба вай хикоятро гуфтам, аммо дарде ки дар дилам мондааст, ногуфтанист. Холо барои он ин фикрхои худро ба шумо навиштам, ки баъд аз ин кадар вакт мебинам, одамони мисли ман хазорон бор зиёдтару зиёдтар мешаванд. Мехохам, фахмам, ки ман хато кардаам ё дуруст. |