ПАМИР-Крыша Мира
Поиск
Приветствую Вас Гость

Меню сайта
Разделы новостей
СПОРТИВНАЯ СТРАНИЧКА [2]
СПОРТ НА ПАМИРЕ
Наш опрос
Что не хватает нашему сайту? Чиз наферопт машард?
Всего ответов: 410
Главная » 2009 » Март » 15 » Лужков низ ба точикон “тфу” кард
Лужков низ ба точикон “тфу” кард
19:46

Автор: Бахроми Одина
Источник материала: Андеша
Дата публикации: 03.03.2009
>> Ссылка на источник

Шахрдори Маскав — Юрий Лужков, ки хам аз мехмоннавозии Душанбе сарафроз гашта буд ва хам хар сари чанд вакт аз хукуматдорони точик хадияхои гаронбахо мегирад, точиконро тахкир кард.

Вай гуфт, “бояд дар Маскав хама чизи бехтарин гирд оварда шавад, на балки факат точикон”.

Лужков аввалан точиконро “чиз” номид, яъне аз катори инсонхо берун гузошт ва сониян, тамоми гаждию ифлосии Маскав ва хамаи нохушояндихои шахри худро дар вожаи “таджики” чой дода, онро бо карохати тамом талаффуз кард. Лужкове, ки дусти шахрдори Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев аст.

Шояд хак дошта бошад, монанди фиристодаи вижаи президенти пешин Путин бо номи ошолуди Котенков дар Думаи давлатй бигуяд, ки “Маскавро гадо ва точик зер кардааст”, аммо дар сафи одамон берун гузоштани як миллат ба акл рост намеояд.

Вакте ки ин афроди саршиноси Русия точиконро инсон намешуморанд, аз навраси бефаросот, ки бо нидои “Хей, тачик!” ба хар осиёй бо ханчар дармеафтад, чи мехохед? Оё ин лужковхову котенковхову лукинхо нестанд, ки чавонакхоро ба самти муайян равона мекунанд?

Аз хама вахшатангезаш ин суханони Лужков (Касе ки аз кулмак ёфт шудааст), дар чаласаи солонаи ахли фарханг ва хунари Маскав садо дод. Ва хайратовар аст, ки хеч яке аз ин фархангиёни бузурги Русия, монанди Олег Табаков, Евгений Миронов, Елена Камбурова ва даххо нафари дигар, ки даъво доранд, дар хунар ва осори худ ормонхои олии башариро таблиг мекунанд, эътироз накарданд.

Гузашта аз ин нашрияи “Газета.Ру” хамин гуфтахои Лужковро сарлавхаи матлабе кард ва дар гушаи “Фарханг” бо ишораи “Сиёсати (!) фархангй” ба чоп расонд. Метавонед, онро ин чо бихонед.

Ба эхтимоли зиёд аксари онхо тирамохи имсол дар Форуми ахли фарханги кишвархои муштаракулманофеъ дар Душанбе аз давлати Рахмон ва Убайдуллоев кайфу сафо хоханд кард. Хуш омадед, мехмонони азиз, ба ватани чизхо, гадохо ва чугиён!

Просмотров: 1159 | Добавил: Хуршед | Рейтинг: 3.8/9 |
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Календарь новостей
«  Март 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Друзья сайта

Locations of visitors to this page GISMETEO: Погода по г. Хорог
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0