ПАМИР-Крыша Мира
Поиск
Приветствую Вас Гость

Меню сайта
Разделы новостей
СПОРТИВНАЯ СТРАНИЧКА [2]
СПОРТ НА ПАМИРЕ
Наш опрос
Что не хватает нашему сайту? Чиз наферопт машард?
Всего ответов: 410
Главная » 2012 » Август » 14 » Телефон аз Хоруғ
Телефон аз Хоруғ
19:24

Телефон аз Хоруғ

 

- Ало! Салом оча! Ман хеле хуб. Хавотир нашавед, ман ҳоло дар Хоруғ.

-Бачаҷон, шунидам, ки дар Хоруғ ҷанг аст?

-Не оча, ҳамаш тинҷӣ!-"Част"-и моро ба Хоруғ оварданд....

-Бачам, ту нав ду моҳ хидмат кардӣ, чӣ гуна…

ӯзаи нав ба поям "туғрӣ" омад.

-Бачам чи қадар куштанд?

-Оча, 46 ҳазор!

-Бачам, ин қадар талафоти бисёр! Ваҳ, ман мурам!!

-Оча, 46 ҳазор телефонро куштанд…

- Он ҷо чӣ гап? Овоза ҳаст, ки Толибҳо ҳуҷум кардаанд…

-Толибҳо не, Толиб-командири погранотряд! Дирӯз аз Покистон Толибон изҳорот додаанд, ки дар Помир ниру надоранд. Ва талаб карданд, ки номи командир Толиб иваз карда шавад.

-Сабаби ҷанг чи аст?

-Дар ин ҷо Толиб меган сигарет кашидасту... Як генерал ба ӯ гугирд надодаст... Командири мо гуфт, ки Толибҳо ва генерал ҳар ду намозхон. Вале кам-кам сигор мекашиданд…

-Оча, ба ман ин ҷо маъқул, мо шабона тир мепаронему рӯзона дар хонаи помириҳо ширчой менушем. Нархҳо хеле арзон, гушт 18 сомонӣ, фақат тарбуз қиммат…

-Бачам, чаро телефонҳои мобилӣ кор намекунанд?

- Оча, Толиб аз Хоруғ аз таппонча тир холӣ карда, тираш дар Сағирдашт сими алоқаро кандааст. Лекин мардуми таҳҷоӣ ҳама алоқа доранд. Дар инҷо кампирҳо низ аз тариқи Фейсбуку Ютуб ба тамоми ҷаҳон алоқа доранд. Гап-гап аст, Шутурмурғ алоқаро барқарор мекунад…

-Шутурмурғ кӣ аст?

-Дар ин ҷо Вазири алоқаро Шутурмурғ мегӯянд.

-Ҳа маълум, вазиру на мутахассис!

-Не оча, Шутурмурғ агар тарсад, каллаашро дар рег пинҳон мекунад. Вале намефаҳмад, ки тамоми андомаш намоён аст…

-Шунидем, ки дирӯз 20 нафар силоҳ супурданд.

-Рост, дина 20 нафар сарбозони мо силоҳашонро ба Толиб супурданд.

-Бачам, наход ин қадар вақт ин Толибҳо силоҳ доштанду амнияту ҳукумат надид?

-Оча, вай гранатомёт, пулмёт чизи хурд аст, дида намешавад. Сонӣ, дар ин ҷо ба чунин корҳои майда чуйда вақт нест. Ба ҷашни 80 солагии Хоруғ тайёрӣ мебинанд.

-Хоруғ ин қадар пир будааст…

-Оча, Хоруғ шаҳр аст. Номи командири мо Хоркаш аст.

-Ҷашни 80 солагӣ кай мешавад?

-Агар музокирот бе натиҷа анҷом ёбад, баъди 80 сол!

-Бачам, илтимос ба Толибҳо маслиҳат бикун, ки ягон пистолеташонро ба канали назди хонаи мо партоянд. Мегӯянд, дар Душанбе барои як пистолет тамоми каналу дарёҳоро тоза кардаанд…

-Бачам, аҳолии осоишта зарар надид?

-Не оча, аҳолии осоишта ҳамааш дар Русия тинҷу ором аст.

-Бачам, ҳоло радио хабар дод, ки музокирот сар шуд. Толибҳо чӣ талаб доранд?

-Толибҳо талаб карданд, ки артиши Фаронса аз Замбия Конго бароварда шавад. Нархи тарбуз сӣ фоиз паст шавад. Гаравгонҳо ба як КАМАЗ тарбуз иваз карда шаванд. Созмони Милали Муттаҳид веторо нисбати Сурия бекор кунад, Бонки ҷаҳонӣ суръати санҷиши Роғунро тезонад…

- Талаби Ҳукумат чӣ аст?

-Ҳукумат талаб дорад, ки Толибҳо силоҳи кӯҳнаашро супурда, ду нафар қотили генералро таслим кунанд, баъди он 4 ҳазор сарбоз аз Хоруғ бароварда мешавад.

-Бачам,чи қадар силоҳ супурданд?

-Сад Калашников,2 пулемёт, 46 гранат ва 300 санг.

-Бачам, санг барои сохтмон?-Не, бисёри ҷангиён моро бо санг зада буданд…

- Оча, ширчой оварданд, ман баъдтар телефон мекунам…

Хумбаков Хумбов, сарбози гурӯҳи зудаҷали "Алиф-битта"

Категория: СПОРТИВНАЯ СТРАНИЧКА | Просмотров: 1757 | Добавил: Хуршед | Рейтинг: 4.2/5 |
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Календарь новостей
«  Август 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Друзья сайта

Locations of visitors to this page GISMETEO: Погода по г. Хорог
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0